Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъхири "Барқи тоҷик" дар пардохти маоши коргарони "Норак"-у "Бойғозӣ"


Беш аз 350 корманди нерӯгоҳи барқи обии «Бойғозӣ», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Нораки вилояти Хатлон, бо мушкили дарёфти ҳаққи заҳмати моҳона рӯбарӯ шудаанд.

Ба иттилои мақомот, бори охир кормандони нерӯгоҳи «Бойғозӣ» маоши моҳи январии худро ба даст гирифтаанд. Асруллоҳи Олим, корманди нерӯгоҳи барқи обии «Бойғозӣ», гуфт, ӯ ва ҳамкорони дигараш дар ин муддати бемаошӣ маводи озуқаро барои рӯзгор аз фурӯшгоҳҳо нася мегиранд ва агар чунин шароитро намедоштанд, вазъи иҷтимоияшон бадтар мешуд.

Вай афзуд: «Маоши март куҷо, ки ҳақмузди моҳи февралиро ҳанӯз нагирифтаем. Дар Норак магазинҳо ҳама журнал доранд, менависанд номҳоро ва орду равған ва дигар маҳсулоти хӯрока, ғайр аз кабудӣ, медиҳанд. Норак шаҳри хурд аст, ҳамин ки маоши кормандони нерӯгоҳи «Норак»-у «Бойғозӣ»-ро доданд, ҳама дарак меёбад. Қарзҳоямонро ба магазинҳо бурда медиҳем. Хуб, ки мо дар қишлоқ замин дорем, камобеш кишоварзӣ ҳам мекунему рӯз мебарем, аммо сокинони шаҳр имрӯз, ки маош гирифтанд, фардо пулашон дар қарзу хариди дигар маводи рӯзгор сарф мешавад…»

Дар нерӯгоҳи барқи обии «Бойғозӣ» аз 350 то 400 нафар сари кор буда, маоши ходимонаш аз 800 то 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Рустам Зоғаков, раиси нерӯгоҳи «Бойғозӣ», дар шарҳи таъхир дар пардохти ҳақмузди моҳонаи кормандонаш гуфт, ин нерӯгоҳ худмаблағгузор нест ва ширкати «Барқи тоҷик», ки масъулияти фурӯши барқи тавлидшудаи онро ба дӯш дорад, низ масъули пардохти ҳаққи заҳмати кормандонаш мебошад.

Ҷаноби Зоғаков афзуд: «Имрӯз шароити молиявии «Барқи тоҷик» вазнин аст. Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ суст аст. Баъзе мушкилоти дигар ҳам ҳаст, ки ҳоло ба шумо гуфта наметавонам. Камбудиҳо зиёд аст, масалан, хоҷагии об барқро мегирад, пулашро ҷамъ мекунад, аммо мақомоти андоз он пулро мегирад. Ё, масалан, шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 50-60 фоиз иҷро кунад ҷамъоварии маблағи барқро, аз куҷо маблағ ғун шавад, ки маош бигирем? Нерӯгоҳи мо як филиали «Барқи тоҷик» маҳсуб меёбад ва маоши моро ҳам ҳамин ширкат медиҳад.»

Рустам Зоғаков ҳарчанд нагуфт, ки нерӯгоҳи «Бойғозӣ» ҷамъан чӣ миқдор аз маоши кормандонаш дар моҳҳои февралу март қарздор аст, аммо афзуд, қарор аст дар наздиктарин фурсат маоши моҳи февралии онҳо пардохта шавад.

Дар ҳамин ҳол, Зоиршо Ашӯров, раҳбари идораи молияи шаҳри Норак, мегӯяд, андоз аз маоши кормандони танҳо нерӯгоҳҳои «Норак»-у «Бойғозӣ» беш аз 40 дарсади маҷмуи даромадҳои шаҳри Норакро ташкил медиҳад.

Вай афзуд: «Сабаби асосии иҷро нашудани қисми даромади буҷети шаҳр дар он аст, ки музди маоши кормандони нерӯгоҳҳои «Норак»-у «Бойғозӣ» аз тарафи ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик» саривақт пардохт карда нашуд. Ман намедонам, ки маблағи умумии маоши моҳона дар ин нерӯгоҳҳо чӣ қадар аст. Аммо андоз аз даромад, яъне андоз аз музди маоши кормандони нерӯгоҳи «Норак» 360 ҳазор сомонӣ ва «Бойғозӣ» бошад, 140 ҳазор сомониро ташкил медиҳад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши моҳи феврали 2000 нафар кормандони НБО-и Норак низ танҳо чанд рӯзи пеш ва он ҳам бо мудохилаи ҳукумати вилояти Хатлон пардохт шуд. Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласаи ахири ҳукумати вилоят гуфт, ки таъхири дарозмуддат дар пардохти маоши кормандони нерӯгоҳҳои “Норак”-у “Бойғозӣ” қонуншиканӣ буда, мояи нигаронии амиқ аст.

Кормандони нерӯгоҳи “Норак” мегӯянд, ки пардохти маоши моҳи мартро дар пешорӯйи идҳои моҳи май барояшон ваъда кардаанд.
XS
SM
MD
LG