Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ ҳукми боздошти Мушаррафро тамдид кард


Додгоҳе дар шаҳри Исломобод амр додааст, ки Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар барои ду ҳафтаи дигар дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта шавад. Парвиз Мушаррафро рӯзи ҷумъа дастгир карданд. Ӯ, ки аз роҳи табаддулоти низомӣ ба қудрат расид, барои эъломи вазъи фавқуллода ва аз мақомҳояшон сабукдӯш кардани додрасҳои Додгоҳи Олӣ дар соли 2007 ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад. Мушарраф дар саҳифаи худ дар Фейсбук ин иттиҳомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст. Раиси ҷумҳури собиқи Покистон баъди чаҳор соли ғурбат моҳи гузашта ба хотири ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи май ба ватанаш бозгашт. Ӯ дар соли 1999 дар табаддулоти бехунрезӣ ба қудрат расид ва то соли 2008 дар Покистон ҳукумат кард.
XS
SM
MD
LG