Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума созишномаи низомӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард


Думаи Давлатии Русия, созишнома дар бораи мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар хоки Тоҷикистонро тасвиб кард. Бар асоси ин созишнома, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе имзо шуд, пойгоҳи 201-уми Русия бояд то 30 соли дигар Тоҷикистон бимонад. Дар баробари ҳимоят аз манофеъи Русия дар минтақа, пойгоҳи мазкур бояд дар таъмини амнияти Тоҷикистон ба нерӯҳои кишвар кӯмак кунад. Созишномаи мазкур то кунун дар порлумони Тоҷикистон тасвиб нашудааст ва сабаби инро дар ихтилофи назар миёни ду кишвар медонанд. Тоҷикистон қабл аз имзои созишнома аз Русия барои ҳузури пойгоҳаш ҳаққи иҷора мехост, вале Русия розӣ набуд. Маълум нест, созишнома кай барои баррасӣ ба порлумони Тоҷикистон хоҳад рафт, агарчӣ то замони хотимаи мӯҳлати пойгоҳи Русия дар кишвар тақрибан якуним соли дигар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG