Пайвандҳои дастрасӣ

Freedom House хостори таҳқиқи қазияи Ҳаитов шуд


Созмони Хонаи Озодӣ (Freedom House) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, қазияи латукӯби Маҳмадалӣ Ҳаитов, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломиро беғаразона тафтиш кунад. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ бо нашри баёнияе дар торнамои худ, аз мақомоти расмӣ даъват кардааст, “қазияи латукуби Маҳмадалӣ Ҳаитовро дақиқу беғаразона” таҳқиқ кунанд, ки ӯро шоми 19 апрел дар назди хонааш дар шаҳри Душанбе бераҳмона латукӯб карданд. Маҳмадалӣ Ҳаитов рӯзи шанбе дар шифохона ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамла ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ иртибот дорад ва омилони ин ҳамла "душманони сулҳи тоҷикон" ҳастанд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои бузурги кишвар аст ва ба гуфтаи созмони Хонаи Озодӣ, аъзои ин ҳизб дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки қарор аст, моҳи ноябр баргузор шавад, зери фишори афзояндаи мақомоти расмӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG