Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муттаҳами дуввум ба бомбгузории Бостон дастгир шуд


Пулиси шаҳри Бостони Амрико мегӯяд, фарди дуввуми муттаҳам ба бомбгузорӣ дар ин шаҳрро боздошт кардааст. Ҷоҳар Тсарнаев як ҷавони 19 солаи чеченро, баъди муқовимати мусаллаҳонааш ба маъмурони пулис дар як канораи шаҳри Бостон дастгир кардаанд. Бино ба гузоришҳо, ӯ дар як қаиқе дар ҳавлии як хона дар маҳаллаи Вотертаун пинҳон шуда будааст. Зимни таъқибу ҷустӯҷуи ду муттаҳам ба бомбгузорӣ дар дави марафонии шаҳри Бостон ба сокинони ин шаҳр амр доданд, ки аз хонаҳояшон берун нашаванд. Барои боздошти муттаҳамон ҳазорон маъмури пулисро сафарбар карда буданд. Темирлан Тсарнаев бародари Ҷоҳарро рӯзи панҷшанбе зимни муқовимат ба пулис дар Бостон дар куштанд. Пулиси Амрико мегӯяд, бомбгузории рӯзи душанбе дар дави марафонии шаҳри Бостон, ки 3 кушта ва 176 захмӣ бар ҷой гузошт кори дасти ҳамин ду бародар будааст.
XS
SM
MD
LG