Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА Тоҷикистонро давлати худкома номидааст


Департаменти давлатии ИМА гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталифи олам дар соли 2012-умро нашр намуд. Дар ин гузориш таъқиби ҷомеаи шаҳрвандӣ, талош ба хотири демократия ва таҳдид ба озодии баён дар мамолики мухталифи олам пажӯҳиш шудааст. Шоми ҷумъа котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар шаҳри Вашингтон гузоришро ба хабарнигорон муаррифӣ кард. Дар бахши марбут ба Тоҷикистони ин гузориш омадааст, ки Тоҷикистон як кишвари худкомае мебошад, ки дар он президент Эмомалӣ Раҳмон ва пайравонаш, ки аксаран аз як минтақаи кишвар мебошанд, нуфузи сиёсӣ доранд. Департаменти давлатии ИМА дар миёни муҳимтарин мушкилиҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шиканҷаву азияти маҳбусон ва афроди боздоштшуда аз тарафи нерӯҳои амниятӣ, маҳдудияти озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот, монеагузории такрор ба такрори фаъолияти расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вебсайтҳо, инқирози озодиҳои динӣ ва хушунат бар зидди занонро номбар кардааст. Ба навиштаи муаллифони гузориш дар ҳолатҳои зиёд худсарии мансабдорони нерӯҳои амниятӣ ва ҳукуматӣ бидуни муҷозот мемонад.
XS
SM
MD
LG