Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи густардаи муттаҳам дар бомбгузории Бостон


Полиси аёлати Массачусетси ИМА ҷустуҷӯи муттаҳами дуюми бомбгузории дави марафонии шаҳри Бостонро, ки ҳафтаи равон ҳаёти се нафарро аз байн бурд, идома медиҳад. Шаби панҷшанбе дар як тирпарронӣ бо полис Ҷавҳар Тсарнаев ба фирор муваффақ шуд. Вале бародари 26-солаи ӯ Темурлан, ки муттаҳами дигари ин бомбгузорӣ будааст, дар макони бархӯрд маҷрӯҳ шуда, дар шифохона ба ҳалокат расид. Бародарон Тсарнаевҳо асли чеченӣ дошта, дар Қирғизистон ба дунё омадаанд. Онҳо тахминан даҳ сол пеш ба ИМА ҳиҷрат намудаанд. Ин бародарон ҳамчунон бо куштори як афсари полиси Бостон ва рабудани мошин муттаҳам мешаванд. Полиси Бостон ба сокинони ин шаҳр дастур додааст, ки аз хона берун набароянд.
XS
SM
MD
LG