Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Украина бовариро гум накардааст


Рӯзи ҷумъа бо ташаббуси мухолифин овоздиҳӣ дар мавриди эътимод ба ҳукумати зери раҳбарии сарвазир Микола Азаров доир шуд, ки дар он аз миёни 450 вакили мардумии Украина 190 нафар ба тарафдорӣ аз барканории ӯ овоз доданд. Барои аз вазифа сабукдӯш шудани сарвазири Украина ва ҳукумати Украина бояд камаш 226 вакил бар зидди он раъй медоданд. Арсений Ятсенюк-раҳбари гурӯҳ ё худ фраксияи ҳизби Баткившинаи сарвазири собиқи украин Юлия Тимошенко мегӯяд, ӯ шахсан бар зидди Азаров даъвое надорад, вале аз вазъи иқтисодии ин кишвар қаноатманд нест. Ятсенюк афзудааст, ки соли 2012-ум рушди маҷмуи маҳсули миллии Украина ба сифр баробар будааст. Азаров муттафиқи президенти Украина Виктор Янукович мебошад.
XS
SM
MD
LG