Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо Қазоқистонро ба эҳтироми ҳуқуқ даъват кард


Парламенти Аврупоӣ қатъномае қабул намуда, Қазоқистонро ба хотири нокомӣ дар эҳтироми озодиҳои сиёсиву воситаҳои ахбори умум ва озодии динӣ бо лаҳни “шадид” танқид кардааст. Қонунзорони аврупоӣ аз манъи фаъолияти ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ва аз ҷумла ҳизби бидуни сабти номи Олға дар ташвиш будаанд. Изҳороти парламенти аврупоӣ рӯзи панҷшанбе дар сомонаи ин ниҳод ҷой дода шуд. Вакилони аврупоӣ дархост намудаанд, ки раҳбари ҳизби Олға Владимир Козлов, ки бо ҷурми ташвиқ ба нооромиҳои иҷтимоӣ зиндонӣ шудааст, раҳо гардад. Парламенти аврупоӣ аз он нигарон аст, ки дар Қазоқистон раҳбарони мухолифин, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносон дар мурофиаҳои “номутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ” аз озодӣ маҳрум шудаанд. Қонунгузорони аврупоӣ аз мақомоти қазоқ тақозо кардаанд, ки маҳдудият рӯи кори иттифоқҳои касабаи мустақилро лағв намуда, имкон диҳанд, ки гурӯҳҳои динӣ бидуни монеа сабти ном шуда, тоату ибодат кунанд.
XS
SM
MD
LG