Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирдиҳамоии тарафдорони Саакашвилӣ дар Гурҷистон


Рӯзи ҷумъа дар пойтахти Гурҷистон ҳазорҳо тарафдори президенти ин кишвар Михеил Саакашвилӣ гирдиҳамоӣ доир намуданд. Ҷамъшудагон бо парчамҳои Гурҷистон, Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО дар даст номи президенти Гурҷистонро замзама мекарданд. Ҳозирин ба мувофиқат расиданд, ки ҷунбиши нави мухолифи ҳукумат ташкил намоянд. Ҷунбиши муттаҳидаи миллии зери раҳбарии Саакашвилӣ дар интихоботи моҳи октябр ноком шудааст. Ҳоло эътилофи Орзуи гурҷии таҳти раҳбарии сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ аксари курсиҳои парламенти Гурҷистонро дар ихтиёр дорад. Дар арафаи гирдиҳамоии рӯзи ҷумъа пайравони Иванишвилӣ Саакашвилиро бо харҷи беҳудаи пули давлатӣ дар ҷараёни сафарҳои хориҷӣ муттаҳам карданд. Саакашвилӣ ин айбномаро рад намуда, таъкид кард, ки сафарҳои хориҷии ӯ ба боло бурдани эътибори ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ кумак расондаанд. Моҳи октябри соли равон дар Гурҷистон интихоботи президентӣ доир мешавад.
XS
SM
MD
LG