Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқи муҳими Сербистону Косово дар Брюссел


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон гуфт, музокироти байни Косово ва Сербистон бо тавофуқ дар бораи оддӣ сохтани равобит такмил шуд. Эштон рӯзи ҷумъа дар пайи мулоқоти сарвазирони ду кишвар дар Брюссел ҳарду ҷонибро табрик гуфт. Аммо ҷузъиёти созишнома ҳанӯз дастрас нест.
Музокироти тӯлонии Белграду Приштина бо миёнҷигии ИА оддӣ сохтани равобит ва ҳалли мақоми ақалияти сербҳои Косоворо ба ҳадаф дошт. Сербистон ва сербҳои Косово то ҳол истиқлоли 5 сол пеш эълоншудаи ин минтақаро напазируфтаанд. Тавофуқи имрӯза роҳи Сербистон барои шурӯъи музокироти пайвастан ба узвияти ИА-ро боз мекунад. Масъалаи Сербистон рӯзи душанбе дар нишасти ИА баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG