Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти таъқиби гумонбари дувум дар Бостон


Ҷавҳар Тсарнаев

Ҷавҳар Тсарнаев

Аз тамоми сокинони шаҳри Бостони Амрико хостаанд, ки то поёни амалиёти густардаи таъқиби Ҷавҳар Тсарнаеви 19-сола, як гумонбари бомбгузории 15-уми апрел дар Марафони Бостон дар хонаҳои худ бимонанд. Мақомот мегӯянд, бародари ӯ Тамерлан Тсарнаев субҳи ҷумъа дар як даргирӣ бо пулис дар Ватертаун, минтақае дар канори Бостон, кушта шуд. Матбуоти Амрико онҳоро зодагони Қафқози шимолӣ мегӯяд. Ҳаракати нақлиёт дар Бостон ва атрофи он мутаваққиф шудааст. Пулис гумонбаронро шаби гузашта, дар пайи кушта шудани як афсари пулис дар хобгоҳи донишкадаи технологии Массачусеттс гирд кард. Дар таркишҳои 15 апрел дар Марафони Бостон 3 кас кушта ва беш аз 170 тан захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG