Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 маргталаб дар Ҷалолобод


Мақомоти афғон мегӯянд, 5 ҷангии марбут ба Толибон, бо шумули як занро бо гумони таҳияи ҳамлаҳои интиҳорӣ дастгир кардаанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон гуфт, ин афрод дирӯз дар Ҷалолобод бо тасмаҳои интиҳориву маводи мунфаҷира ва таслиҳоти дигар боздошт шуданд. Гуфта мешавад, ки онҳо мехостанд ҳамлаҳои худ дар Кобулу Ҷалолободро рӯзҳои 27 ва 28 апрел, ки солрӯзи суқути ҳукумати коммунистии Наҷибуллоҳ дар соли 1992 аст, анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG