Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагарони Бостон аз Қафқози шимолӣ будаанд


Матбуоти Амрико мегӯяд, ду гумонбар бомбгузории рӯзи душанбеи Бостон, ки 3 кушта ва беш аз 170 захмӣ ба ҷо гузошт, зодагони Қафқози шимолии Русия - бародарон Ҷохар ва Темурлан Тсарнаев – будаанд. The New York Times аз қавли як мақоми интизомӣ навишт, нафари субҳи ҷумъа дар Ватертаун, минтақае дар канори Бостон, дар даргирӣ бо пулис кушташуда Тамерлан Тсарнаев буд. Пулис мегӯяд, гумонбари дувум фирор кард ва амалиёти густардаи таъқиби ӯ идома дорад. Сарҳанги пулиси аёлати Массачусеттс Тим Албен гуфт: “Мо акнун дар пайи таъқиби гумонбаре ҳастем, ки шабеҳи акси гумонбари рақами дувум аст, ҳамон нафари сафедкӯлоҳ, ки дар бомбгузории рӯзи душанбеи марафони Бостон даст дошт.”
Ба гуфтаи пулис, гумонбарон дар пайи тирандозие, ки мунҷар ба ҳалокати як афсари пулис дар хобгоҳи донишкадаи технологии Массачусеттс шуд, як мошинро дуздида, фирор карданд, вале дар Ватертаун бо пулис даргир шуданд. Мақомот мегӯянд, зоҳири гумонбарон бо аксу видеоҳои ду марде ки бовар меравад, рӯзи душанбе ду бомбро дар хатти марраи марафони Бостон тарконданд, монанд аст.
XS
SM
MD
LG