Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушаррафро ба "меҳмонхона"-и пулис бурданд


Пулис ҳокими собиқи низомии Покистон Парвиз Мушаррафро дар қароргоҳаш дар Исломобод нигоҳ медорад. Муҳаммад Амҷад, сухангӯи Мушарраф гуфт, як мақоми аршад ҳукми ҳабси хонагии генерали собиқро расонда натавонист ва аз ин рӯ, ӯ ду рӯзро то замони муҳокимаи парвандааш дар додгоҳи зиддитеррор дар меҳмонхонаи пулис ба сар хоҳад бурд.
Қозӣ рӯзи панҷшанбе ба ҳабси Мушарраф амр дод, вале ӯ аз толори додгоҳ фирор кард. Мушаррафи 69-сола ба барканории қозиён дар соли 2007, замоне ки ӯ дар кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ карда, амали Қонуни асосиро боздошта буд, муттаҳам мешавад. Мушарраф дар паёме дар саҳифааш дар Facebook ҳукми ҳабсашро “амали беасоси Додгоҳи олии Исломобод” ва “сиёсӣ” номид. Ӯ баъди 4 соли ғурбат, дар моҳи март ба Покистон баргашт, то дар интихоботи 11 май ширкат кунад, вале ӯро аз ҳаққи рафтан ба ин корзор маҳрум карданд.
XS
SM
MD
LG