Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз тими миллии Кувайт бо ҳисоби 3:7 шикаст хӯрд.

Ин бозии санҷишӣ бо дастаи мизбон – Кувайт дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Алишер Сафаров, Фурқатҷон Аҳмадҷонов ва Мансур Мамедбобоев заданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона аз тими миллии Кувайт бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрда буд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Акбар Муҳаммадов ба ҳадаф расонд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов дар пойтахти Кувайт рӯзи 19-уми апрел ба анҷом мерасад ва футболбозони тоҷик 20-уми апрел ба Душанбе бармегарданд.
XS
SM
MD
LG