Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти роҳбарони созмонҳои футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн


Рустами Эмомалӣ - раиси ФФТ ва Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа - раиси Созмони футболи Баҳрайн
Рустами Эмомалӣ - раиси ФФТ ва Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа - раиси Созмони футболи Баҳрайн

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми апрел, бо Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, раиси Созмони футболи Баҳрайн, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа масоили ҳамкориҳоро байни созмонҳои футболи ҳарду кишвар дар чунин соҳаҳо, монанди лоиҳаҳои таҳсилотӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои якҷоя, футзал, футболи кӯдакону наврасон, футболи занона, маркетинг, доварӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.

Роҳбарони федератсияҳои миллии ҳарду кишвар барои баргузории ду бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Баҳрайн ва Тоҷикистон тирамоҳи соли равон дар Душанбе ва Манама ба мувофиқа расиданд.

Ёдовар мешавем, ки бори охирин дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Баҳрайн соли 2004-ум дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2006 бозӣ карда буданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG