Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 1,2 миллиард $ шудааст


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали сол 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба айни давраи соли қаблӣ 45 миллион доллар, ё 4 фоиз камтар аст. Ин коҳиш асосан аз ҳисоби воридот аст, ки имсол 8,6 фоиз ё 79 миллион доллар кам шуда, вале боз ҳам ба 838 миллион доллар расидааст. Содироти фаровардаҳои Тоҷикистон имсол 10,2 дарсад афзуда, ба 362 миллион доллар наздик шуд, вале дар қиёс бо воридот 2,3 маротиба камтар аст.
XS
SM
MD
LG