Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як гумонбари таркишҳои Бостон


Ҷасади гумонбари кушташуда
Ҷасади гумонбари кушташуда
Пулис гуфт, як гумонбар дар бомбгузориҳои Бостон дар пайи тирандозӣ бо пулис кушта шуда, гумонбари дувум аз маҳалли даргирӣ дар Ватертаун, минтақае дар наздикии Бостон, фирор кардааст. Амалиёти густардаи нирӯҳои интизомӣ бо ҳадафи таъқиби ин гумонбар идома дорад. Куммиссари пулиси Бостон Эд Девис рӯзи ҷумъа гуфт, "мо бовар дорем, ки террорист ӯст.” Сарҳанги пулиси аёлати Массачусеттс Тим Албен ҳам гуфт: “Мо акнун дар пайи таъқиби гумонбаре ҳастем, ки шабеҳи акси гумонбари рақами дувум аст, ҳамон нафари сафедкӯлоҳ, ки дар бомбгузории рӯзи душанбеи марафони Бостон даст дошт.”
Ба гуфтаи пулис, гумонбарон дар пайи тирандозие, ки мунҷар ба ҳалокати як афсари пулис дар хобгоҳи донишкадаи технологии Массачусеттс шуд, як мошинро дуздида, фирор карданд, вале дар Ватертаун дар рӯбарӯи мақомот қарор гирифтанд. Мақомот мегӯянд, зоҳири гумонбарон бо аксу видеоҳои ду марде ки бовар меравад, рӯзи душанбе ду бомбро дар хатти марраи марафони Бостон тарконданд, монанд аст. Дар он таркишҳо 3 тан кушта ва беш аз 170 кас маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG