Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол ба Тоҷикистон 581 миллион $ пул омадааст


Аз хориҷ ба Тоҷикистон танҳо дар моҳи март 221 миллион ва аз аввали сол 581 миллион доллар пул таҳвил шудааст, ки дар маҷмӯъ назар ба соли қаблӣ 9 дарсад зиёдтар аст. “Азия Плюс” бо такя ба мониторинге, ки вазорати иқтисод тибқи як тарҳи мубориза бо офоти табии СММ ҳар моҳ нашр мекунад, таҳвили пул моҳи январ - 8, моҳи феврал - 9 ва дар моҳи март 10 фоиз афзудааст. Бино ба омори расмӣ, соли гузашта аз хориҷ ба Тоҷикистон қариб 3,6 миллиард доллар пул таҳвил шуд, ки баробари қариб 48 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар баровард мешавад. Дар 3 моҳи аввали сол аз Тоҷикистон алакай 270 000 нафар ба хориҷ рафтаанд. Ҷамъи муҳоҷирони кории тоҷик, ки умдатан ба Русия мераванд, дар сол то 1 миллион нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG