Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ хостори худдорӣ аз ҷорисозии таҳримҳои нав нисбат ба Эрон шуд


Ҷон Керрӣ - вазири корҳои хориҷии Амрико

Ҷон Керрӣ - вазири корҳои хориҷии Амрико

Вазири корҳои хориҷии Амрико аз сенаторҳои ИМА хостааст, ки аз ҷорисозии таҳримҳои шадидтар нисбат ба Эрон то замони баргузории интихоботи президентӣ дар ин кишвар худдорӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Ҷон Керрӣ, ки рӯзи панҷшанбе дар Кумитаи равобити хориҷии Сенати ИМА сухан мегуфт, вазъи дохилии Эронро то замони баргузории ёздаҳумин интихоботи президентӣ муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, «ба назарам, акнун замоне аст, ки бояд хештандорӣ ба харҷ диҳем».

Вай афзуд: «Ба гумони ман, интихоби вақту замон барои мо дар мавриди иқдомоте, ки метавонем анҷом диҳем, амри калидист. Мо бояд сари ин масъала бо якдигар ҳамкорӣ дошта бошем.»

Кишварҳои Ғарбӣ ба барномаи атомии Теҳрон зиддият доранд ва мегӯянд, ки Эрон бо баҳонаи барномаи энергетикӣ-атомии ғайринизомӣ барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ талош мекунад. Аммо Эрон ин эҳтимолро ҳамвора рад менамояд.

Дар ҳамин росто, Амрико ва муттаҳидонаш таҳримҳои сангинеро алайҳи Эрон бо мақсади таваққуфи барномаи атомии ин кишвар ҷорӣ кардаанд, ки ба иқтисоди Эрон фишори шадиде ворид мекунад. Аммо аз онҷо, ки Эрон то кунун тамоюле барои бароварда кардани ин хоста надоштааст, бархе аз сенаторҳои ИМА ба ҳукумати Барак Обама фишор меоваранд, то иқдомоти бештаре алайҳи Теҳрон анҷом диҳад.

Бар асоси гузоришҳо, Кумитаи равобити хориҷии Сенати ИМА рӯзи панҷшанбе қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки дар он гуфта мешавад, исрори Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ, таҳдиди ҷаҳонӣ аст.

Ин қатънома, ҳамчунин, ба зарурати ихроҷи комили таҳримҳо алайҳи Эрон таъкид менамояд ва аз давлати ИМА талаб дорад, ки иқдомоти худро дар ин робита шиддат бахшад.

Исроил, ки аз душманони калидии Эрон маҳсуб мешавад, борҳо нисбат ба кофӣ набудани таҳримҳо барои таваққуфи барномаи атомии Теҳрон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки агар талошҳои дипломатӣ дар ин самт ба шикаст бианҷомад, ба ҳамлаи пешгирона алайҳи Эрон даст хоҳад зад.

Аммо ба таъкиди вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳукумати Барак Обама бояд иҷоза надиҳад, ки Эрон ба силоҳи атомӣ дастрасӣ пайдо кунад ва дар ин бора бо Исроил ҳамкории наздик дорад.

Ҷон Керрӣ гуфт, ки Амрико нисбат ба муттаҳидон ва дӯстони исроилии худ ба шиддат худро муттаҳид медонад ва дар робита бо Эрон низ бо Исроил ҳамфикр мебошад.
XS
SM
MD
LG