Пайвандҳои дастрасӣ

Амос вазъи Сурияро "фалокати башарӣ" унвон кард


Валерӣ Амос

Валерӣ Амос

Раҳбари идораи ёриҳои башарии СММ вазъи Сурияи ҷангзадаро, ки ҳудуди 6,8 миллион нафар аз 22 миллион аҳолиаш ба кумак ниёз доранд, «фалокати башарӣ» унвон кард. Валерӣ Амос ба Шӯрои Амният гуфт, тайи ду соли низоъ беш аз 4 миллион аз аҳли Сурия беҷо шуда, 1,3 миллиони онҳо ба кишварҳои дигари Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ паноҳ бурдаанд. Шӯрои Амният дирӯз дар посух қатъномаеро тасвиб кард, ки воҷибулиҷро нест, вале хатми хушунатҳоро талаб ва аз тамоми ҷонибҳои низоъ даъват мекунад, ки фаъолияти созмонҳои имдодӣ дар саросари Сурияро иҷозат диҳанд. Русияву Чин монеъи азми Шӯрои Амният барои иқдомоти бештари байналмилалӣ дар Сурия мешаванд.
XS
SM
MD
LG