Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 70-уми исён дар геттои Варшава


Геттои Варшава дар соли 1943
Геттои Варшава дар соли 1943
Имрӯз дар Варшава солгарди 70-уми исёни яҳудиён алайҳи нирӯҳои бамаротиб бештари Олмони фашистиро таҷлил мекунанд. Исёни бузурги яҳудиён алайҳи фашистҳо дар Ҷанги дувуми ҷаҳон 19 апрели соли 1943 дар геттои Варшава оғоз ёфта, нирӯҳои Адолф Ҳитлер фақат баъди як моҳ тавонистанд ин исёнро фурӯ нишонанд. Дар ин ошӯб ҳазорон яҳудӣ кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафари зиндамондаро ба дунбол ба урдугоҳҳои марг фиристоданд. Интизор меравад, маросими ёдбуд бо ширкати баъзе собиқадорони он исён дар назди Маҷмаъи ёдгории қаҳрамонони гетторо раисиҷумҳури Лаҳистон Бронислав Коморовский раҳбарӣ кунад. Қабл аз исён фашистҳо қариб 300 000 сокини геттои Варшаваро ба лагерҳои марг фиристоданд. Бақия аз амрозу гуруснагӣ ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG