Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як афсари пулис дар наздикии Бостон


U
U
Мақомот мегӯянд, як афсари пулис дар хобгоҳи Донишкандаи технологии Массачусеттс, дар наздикии Бостон кушта шуд. Пулис, ки ба ҷустуҷӯи ҳамлагар пардохтааст, мегӯяд, ин афсар дар пайи вокуниш ба бетартибиҳои шаби гузашта чанд тир хӯрдааст. Гузоришҳои тасдиқношуда аз қавли шоҳидон дар бораи тирнадозиву таркишҳо дар Ватертаун, дар наздикии Донишкадаи технологӣ низ хабар медиҳанд. Хобгоҳи ин мактаб дар 3-километрии маркази Бостон воқеъ аст. Рӯзи душанбе бар асари таркиши ду бомб дар марраи марафони Бостон дар маркази шаҳр 3 кас кушта ва беш аз 170 тан маҷрӯҳ шуданд. Аммо мақомот роҷеъ ба иртиботи қазияи охир бо он ду таркиш ҳанӯз ишорае накардаанд.
XS
SM
MD
LG