Пайвандҳои дастрасӣ

Мушаррафро ба ҳабси хонагӣ андохтанд


Дидбонҳои пулис дар рӯбарӯи манзили Мушарраф

Дидбонҳои пулис дар рӯбарӯи манзили Мушарраф

Ҳокими собиқи низомии Покистон Парвиз Мушарраф, ки худро рӯзи ҷумъа ба додгоҳи Исломобод таслим кард, барои ду рӯз ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Интизор меравад, ки ӯ дар ин ду рӯз ба додгоҳи зиддитеррор эҳзор шавад. Генерали собиқ дар паёме дар саҳифааш дар Facebook ҳукми ҳабсашро “амали беасоси Додгоҳи олии Исломобод” ва “сиёсӣ” номид. Қозӣ рӯзи панҷшанбе ба ҳабси Мушарраф амр дод, вале ӯ аз толори додгоҳ фирор кард. Мушаррафи 69-сола ба барканории қозиён дар соли 2007, замоне ки ӯ дар кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ карда, амали Қонуни асосиро боздошта буд, муттаҳам мешавад. Парвиз Мушарраф, баъди 5 соли ғурбат, дар моҳи март ба Покистон баргашт, то дар интихоботи 11 май ширкат кунад, вале ӯро аз ҳаққи рафтан ба ин корзор маҳрум карданд.
XS
SM
MD
LG