Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дума қарордоди пойгоҳи 201-ро баррасӣ мекунад


Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия – имрӯз масъалаи тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи шароити будубоши пойгоҳи 201-уми артиши Русияро баррасӣ мекунад. Ин созишнома моҳи октябри соли 2012 зимни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Душанбе имзо шуда, ҳузури ин пойгоҳ то соли 2042-ро замонат медиҳад. Маскав дар иваз ба Душанбе лағви боҷи гумрукии маҳсулоти нафтиаш ва ҳам баъзе сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷикро ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG