Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Малола Юсуфзай ба феҳристи 100 шахсияти машҳури ҷаҳон даромад


Малола баъд аз муолиҷа

Малола баъд аз муолиҷа

Малола Юсуфзай шогирди яке аз мактабҳои Покистон, ки Толибон ба сараш тир холӣ карда буданд ва вай бо амри тасодуф зинда монд, ба феҳристи 100 шахсияти машҳури сол ворид шудааст. Ин феҳристро маҷаллаи “Time”-и Амрико таҳия кардааст.

Моҳи октябри соли гузашта дар водии Своти Покистон вақте, ки Малолаи 15 сола баъд аз мактаб ба хонааш мерафт, Толибон ба сараш тир заданд.

Вайро барои муолиҷа ба Британия бурданд, мағзи сар ва косахонаи сарашро ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло Малола дар Британия зиндагӣ мекунад ва вайро ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод кардаанд.

Маҷаллаи “Time” маъмулан шахсиятҳои номдори фарҳангиву сиёсӣ, донишмандони маъруф ва соҳибкорони муваффақро дар ин феҳристи худ ҷой медиҳад.

Дар ин феҳрист Барак Обама 8 бор ва хонумаш Мишел 2 бор дар сафи шахсиятҳои машҳур ҷой гирифтанд.
XS
SM
MD
LG