Пайвандҳои дастрасӣ

Обама гуфт, бамгузори Бостонро пайдо ва ба муҷозот мекашанд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико қавл дод, ки дастандаркорони бамгузориҳои Марафони Бостонро ба масъулият хоҳанд кашид. Аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 то ҳол ин бадтарин ҳамла ба шаҳрвандони Амрико будааст.

Обама рӯзи панҷшанбе дар маросими бузургдошти хотираи се қурбонии ин бамгузорӣ ширкат дошт. Дар ин бамгузориҳо ҳамчунин 170 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Обама хитоб ба бамгузорон гуфт: “Мо шуморо пайдо мекунем ва шумо ба сазои аъмолатон хоҳед расид”.

Мақомоти амниятии Амрико мегӯянд, ки тасвири яке аз бамгузорони эҳтимолӣ ба даст омадааст. Вай дар навори камераҳои амниятӣ ташхис шудааст”. Вале тасвири вай дар ҷое ба нашр нарасидааст ва касеро то ҳол боздошт накрадаанд.
XS
SM
MD
LG