Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис натавонист Парвиз Мушаррафро боздошт кунад


Дар Покистон додгоҳ аз пулис хостааст, ки дар бораи фирори Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар аз боздошт дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ тавзеҳот диҳад.
Рӯзи пранҷшанбе додгоҳ дастури боздошти Парвиз Мушаррафро содир кард.

Генерал Мушарраф 69 сола аст ва соли 2007 бо фармоне қозиёни баландпояи додгоҳро пароканда кард ва дар кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ намуд.

Дар толори додгоҳ рӯзи панҷшанбе кормандони пулис низ буданд, бо вуҷуди ин ба посбонони Мушарраф муяссар шудааст, ки вайро аз боздошт фирор диҳанд. Вай ҳоло дар хонаи худ дар Исломобод, ки зери посбонии шадиди ҷонибдоронаш гирифта шудааст, паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG