Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Путин ва Мурсӣ дар Сочӣ мулоқот мекунанд


19 апрел Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар Сочӣ бо Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср мулоқот мекунад. Масъалаи асосии мулоқоти онҳо роҳҳои ҳали бӯҳрон дар Ховари Миёна ва рушди ҷаҳонгардӣ дар Миср мебошад.

Дмитрий Песков-сухангӯи раиси ҷумҳури Русия ба матбуот гуфт, ҷонибҳо ҳамчунин додани ғаллаи Русия ба Мисрро баррасӣ мекунанд. Песков мегӯяд, бо вуҷуди навасон дар вазъи иқтисодии ҷаҳон, ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо гардиши коло миёни Русия ва Миср 70 дарсад боло рафтааст ва ба 3,5 миллиард доллар баробар шудааст.

Русия то 40 дарсад ниёзмандиҳои Миср ба ғалларо таъмин мекунад. Соли 2012 судури ғаллаи Русия ба Миср 5,2 миллион тонро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG