Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доғистон президенташро дар порламон интихоб мекунад


Рамазон Абдулатипов-раҳбари муваққати Доғистон
Рамазон Абдулатипов-раҳбари муваққати Доғистон
Порламони Доғистон баргузории интихоботи сартосариро барои интихоби раиси ҷумҳур ботил эълон кард. Рӯзи панҷшанбе намояндагони порламони Доғистон дар ин бора қарор қабул карданд.

74 намояндаи порламон ба ҷонибдорӣ ва 9 намоянда мухолиф рай доданд. Дар иҷлоси порламон 3 намоянда ҳузур надошт.

Ҳоло Рамазон Абдулатипов-иҷрокнандаи мақоми раҳбариии ин ҷумҳурист.Вай дар гузашта сафири Русия дар Тоҷикистон буд.

Қабл аз ин тасмими порламони Доғистон Владимир Путин дар қонуне имзо гузошт, ки тибқи он дар ҷумҳуриҳои федеролии Русия порламон раиси ҷумҳурро интихоб мекунад.
XS
SM
MD
LG