Пайвандҳои дастрасӣ

Мушарраф додгоҳи Покистонро асабонӣ кард


Додгоҳе дар Покистон аз сардори раёсати пулиси шаҳри Исломобод хостааст, шарҳ бидиҳад, ки чӣ гуна, ба Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар муяссар шуд, аз толори додгоҳ фирор кунад. Пештар аз ин Додгоҳи Олии Исломобод, қарори васиқаи Мушаррафи 69-соларо тамдид накард ва амр дод, ки ӯро боздошт кунанд. Баъди ҳозир шудани маъмурони пулис ба толори додгоҳ, Парвиз Мушарраф бо кӯмаки муҳофизонаш худро ба мошинаш андохт ва аз маҳалли ҳодиса дур шуд. Ӯ ҳоло дар як хонаи истеҳкоммонанд дар канори шаҳри Исломобод будааст. Парвиз Мушаррафро, ки аз роҳи табаддулоти низомӣ ба қудрат расид, дар Покистон барои барканории додрасҳои Додгоҳи Олӣ дар соли 2007 ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекунанд. Ӯ баъди чаҳор соли ғурбат моҳи гузашта барои ширкат дар интихоботи моҳи май ба Покистон баргашт.
XS
SM
MD
LG