Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Адад" бозиҳои компютерӣ меофарад


Амирхон Носирӣ, мудири фаннии ширкати "Адад"

Амирхон Носирӣ, мудири фаннии ширкати "Адад"

Дар Тоҷикистон ахиран як ширкате бо ташаббуси гурӯҳе аз ҷавонон таъсис шуд, ки кораш офаридани бозиҳои компютерӣ, апп ва ё замимаҳо барои телефонҳои ҳушманд аст.

Ширкати “Адад”, ки танҳо мутахассисони ҷавони тоҷикро ҷамъ овардааст, дар зарфи ду моҳи ахир бештар аз 10 бозии махсуси таълимӣ барои телефонҳои ҳушманди андроид сохта ва дар Гугл Плей ворид кардааст.

Ҳарчанд ба далели рушд накардани истифодаи кортҳои бонкӣ дар Тоҷикистон муштариёни замимаҳои телефонҳои ҳушманд кам аст, аммо бозиҳои сохтаи “Адад”-ро дар хориҷ аз ҳоло 50 ҳазор маротиба довнлоуд кардаанд.

Интизор меравад, соли равон дар саросари ҷаҳон соҳибони телефонҳои ҳушманд 80 миллиард маротиба, замимаҳоро дар телефонҳои худ насб кунанд. Ширкати бозоршиносии Гартнер мегӯяд, ки насби замимаҳо дар соли оянда боз ҳам хоҳад афзуд дар соли 2014 ба 130 миллиард хоҳад расид.

Дар Тоҷикистон ҳам ба тадриҷ теъдоди замимаҳои махсус барои кишвар бештар мешаванд ва дар ин бора сӯҳбате доштем бо Амирхон Носирӣ, мудири фаннии ширкати тозатаъсиси “Адад” ва нахуст дар бораи корашон пурсидем.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG