Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз Қазоқистон 8 локомотив харидорӣ мекунад


Имрӯз, 18-уми апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфт ва роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши роҳи оҳан суҳбат кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 18-ум апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки мавзуи аслии ин мулоқот, баррасии ҳаракати бемонеаи қатораҳои Тоҷикистон дар роҳи оҳани Қазоқистон, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷодаи оҳан ба шумор мерафт. Ҳамчунин дар ин гуфтугӯ масъалаи навсозии фаннии таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон ва омода намудани кадрҳои соҳаи мазкур баррасӣ шуданд. Корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон то кунун аз Қазоқистон 4 локомотив дастрас кардааст, ки дар мулоқоти мазкур доир ба харидории 8-локомотиви дигар баррасӣ шуд, ки қаблан дар ин замина қарордод ба имзо расидааст. Гуфта мешавад, ки ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан фаъол буда, аслан қатораҳои Тоҷикистон дар хатти ҳаракат ба Русия аз қаламрави Қазоқистон убур мекунанд.
XS
SM
MD
LG