Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эгамзод гуфт, аз тоҷикон симои манфӣ месозанд


Рӯзи панҷшанбеи 18-уми апрел дар Маскав Анҷумани Иттиҳодияи журналистони Русия доир шуд, ки дар он аз номи Тоҷикистон хабарнигор ва дипломати сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод суханронӣ намуд. Ӯ ба ҳамкасбони русаш муроҷиат намуда, ёдовар шуд, ки дар воситаҳои ахбори умуми ин кишвар симои Тоҷикистон ва тоҷикон бар пояи гузоришҳои марбут бо ҷинояткориву муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ташкил мешаваду дар ин гузоришҳо, ки аксаран як масъалаи маҳаллӣ инъикос шуда, хулосаҳои умумӣ бароварда мешавад.
Ба қавли Эгамзод эҳтимол ин гузоришҳо, ки аксаран ҷилои манфӣ доранд, то ҳадде ҳадафмандона барои бадном кардани Тоҷикистон ва то ҳадде аз сабаби ноогаҳии масъулону рӯзноманигор аз вазъи воқеии Тоҷикистон таҳия мешаванд.
XS
SM
MD
LG