Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушарраф ба Додгоҳи Олии Покистон шикоят мекунад


Генерал Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон, аз ҳукми боздошти худ ба Додгоҳи Олӣ шикоят хоҳад бурд. Муҳаммад Амҷад, дастёри Парвиз Мушарраф ба хабарнигорон гуфт, ки аризаи даъвоӣ ҳамин рӯз ба додгоҳ супурда мешавад. Пештар аз ин Додгоҳи Олии Исломобод, қарори васиқаи Мушаррафи 69-соларо тамдид накард ва амр дод, ки ӯро боздошт кунанд. Баъди ҳозир шудани маъмурони пулис ба толори додгоҳ, Парвиз Мушарраф бо кӯмаки муҳофизонаш худро ба мошинаш андохт ва аз маҳалли ҳодиса дур шуд. Ӯ ҳоло дар як хонаи истеҳкоммонанд дар канори шаҳри Исломобод будааст. Парвиз Мушаррафро, ки аз роҳи табаддулоти низомӣ ба қудрат расид, дар Покистон барои барканории додрасҳои Додгоҳи Олӣ дар соли 2007 ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекунанд. Ӯ баъди чаҳор соли ғурбат моҳи гузашта барои ширкат дар интихоботи моҳи май ба Покистон баргашт.
XS
SM
MD
LG