Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни таркиши Тексас маълум нашудааст


Мақомоти расмии аёлати Тексаси Амрико мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки дар таркиши қавӣ дар корхонаи нуриҳои минералӣ дар наздикии шаҳри Вако чанд нафар ҳалок шудаанд. Сухангӯи Раёсати Амнияти Умумӣ дар Тексас гуфт, ки дар ин фалокат 100 нафар захмӣ шуданд. То ҳол маълум нест, сабаби таркиш дар ин корхона чӣ бошад. Томми Муска, шаҳрдори Вако гуфт, бар асари инфиҷори қавӣ дасти кам 50 хона вайрон шудааст. Қабл аз инфиҷор, корхона оташ гирифтааст ва чанд маъмури оташнишонӣ бенишон шудаанд. Ҷустӯҷуи қурбониён идома дорад. Дар наворҳои видеоӣ аз маҳалли ҳодиса, таркиши азиму, забонаҳои бузурги оташ ва фавҷи дуд дида мешавад. Ба гуфтаи табибон, баъзе аз афрод захмҳои сӯхтаи ҷиддӣ доранд. Маркази зилзиласанҷии Амрико мегӯяд, таркиш, маҳаллҳои наздик ба ҳодисаро ба ҳадди 2,1 дараҷаи ҷадвали Рихтер такон додааст.
XS
SM
MD
LG