Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо судури чанд фармон, дар ҳайати ҳукумат тағйиротӣ кадрӣ ба амал овард. Аз ҷумла Зеваршо Зеваршоев, муовини вазири кишоварзӣ, Нигина Абдуллоева, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Диловар Латипов, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва Зафаршо Иброҳимов - муовини директори Осорхонаи миллӣ таъйин шудаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри баёнияе гуфт, роҳбарони пешини шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҳамадонӣ, Данғара, Носири Хусрав, Турсунзода, Файзобод ва дар хатти истгоҳи роҳи оҳани Душанбе аз мақомҳояшон барканор шуда ба ҷойи онҳо афроди дигарро таъйин карданд. Доир ба сабабҳои аз мақомҳояшон сабукдӯш шудани масъулони пешин чизе нагуфтаанд.
XS
SM
MD
LG