Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои нави Куриёи Шимолӣ барои музокирот


Куриёи Шимолӣ гуфтааст, ба шарте ба музокирот бармегардад, ки Созмони Милал таҳримот алайҳи онро лағв кунад ва Амрикову Куриёи Ҷанубӣ ба размоишҳои муштаракашон хотима диҳанд. Кумиссиёни Миллии Мудофиаи Куриёи Шимолӣ рӯзи панҷшанбе бо нашри баёнияе шартҳои бозгашт ба музокиротро матраҳ кард. Дар он аз ҷумла аз Амрико хоста шудааст, ки бомбҳои атомиеро, ки ба қавли Пхенян, Иёлоти Муттаҳида дар Куриёи Ҷанубӣ ва минтақа нигаҳ медорад, аз инҷо бубарад. Дар вокунише баёнияи мазкур, вазорати умури хориҷии Куриёи Ҷанубӣ онро “ёва” хонд ва сухангӯи вазорат Чо Тай-йонг аз Куриёи Шимолӣ хост, ки “ингуна талабҳои нофаҳмиданиро бас кунад”. Пхенян дар чанд ҳафтаи гузашта ба Амрикову муттаҳидонаш дар Осиё бо ҳамла бо бомбҳои атомӣ таҳдид кард ва гуфт, ки дар ҳоли ҷанг бо Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад. Танишҳо дар ин минтақа баъди он авҷ гирифт, ки Куриёи Шимолӣ бори саввум озмоиши ҳастаӣ анҷом дод.
XS
SM
MD
LG