Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 дар Думаи Русия


Имрӯз интизор меравад, ки Думаи давлатии Русия масоили марбут ба тасвиби созишномаҳои шароити ҳузури пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар хоки Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Дар ин бора ба хабаргузории Интерфакс раиси парлумони Русия Сергей Наришкин хабар дод. Вай гуфт, ки тасвиби ин созишномаҳо ба тақвияти назарраси равобити миёни ин кишварҳоро дар бахшҳои сиёсиву низомӣ хизмат хоҳад кард. Наришкин инчунин гуфтааст, ки ин ҳодиса як хабари муҳим барои созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мешавад.

Созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 Русия дар хоки Тоҷикистон то соли 2042 дар натиҷаи як сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе имзо шуд. Вале ба иттилои манобеи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ва Русия, Душанбе тасвиби ин созишномаро тӯл медиҳад. Ба иттилои таҳлилгарон, мақомоти Душанбе аз Маскав боло бурдани мизони кӯмакҳоро тақозо доранд. Русия ваъда додааст, ки бар ивази иҷораи пойгоҳ ба Тоҷикистон дар навсозии артиши миллӣ ва таъмини он бо фанновариҳои низомӣ мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG