Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар корхонае дар Тексас чандин нафарро кушт


Мақомоти аёлати Тексаси Амрико мегӯянд, бар асари таркиши қавие дар як корхонаи нуриҳои минералӣ дар наздикии шаҳри Вако чанд нафар куштаву захмӣ шудаанд. Сабаби инфиҷор дар корхона, ки рӯзи чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайваст, ҳоло маълум нест. Телевизионҳо маҳалли ҳодисаро намоиш доданд, ки аз онҷо дуди зиёде ба ҳаво мехест ва чанд бино дар коми оташ месӯхтанд. Табибон мегӯянд, даҳҳо нафар захмӣ аз ҷумла бо захмҳои сӯхтаро барои муолиҷа ба бемористон овардаанд. Инфиҷор ба ҳадде қавӣ будааст, ки хонаҳои наздики он низ оташ гирифтаанд. Сухангӯи Раёсати Амнияти Умумӣ дар Тексас гуфт, ҳанӯз миқёси хисорот ва теъдоди қурбониён маълум нест.
XS
SM
MD
LG