Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон амри боздошти Мушаррафро содир кард


Як додгоҳи Покистон амр додааст, то генерал Парвиз Мушарраф, ҳокими собиқи низомии ин кишварро боздошт кунанд. Мушаррафи 69-сола, ки дар Додгоҳи Олии Исломобод ҳузур дошт, баъди судури ҳукм толори додгоҳро билофосила тарк кард. Пулис ба хотири боздошт ба додгоҳ омад, аммо муҳофизони Парвиз Мушарраф ӯро ба мошин андохта ва аз он маҳал фирор карданд. Мушаррафро аз ҷумла барои аз мақомҳояшон барканор кардани додрасҳои Додгоҳи Олӣ дар соли 2007 ва эъломи вазъи фавқуллода ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекунанд. Парвиз Мушарраф баъди 4 соли зиндагӣ дар ғурбат, моҳи гузашта ба хотири ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи май ба Покистон баргашт.
XS
SM
MD
LG