Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи беҳтарин андешаҳои фанноварии мобилӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аз оғози озмуни «Беҳтарин андешаҳо дар татбиқи фанновариҳои мобилӣ» 4 рӯз мегузарад ва ба хазинаи он ҳамакнун беш аз 15 пешниҳод ворид гаштааст.

Ин озмун аз ҷониби Озмоишгоҳи минтақаии фанновариҳои мобилӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ташкил шуда, то 22 апрели соли 2013 давом хоҳад кард.

Ҳамоҳангсози озмун дар Тоҷикистон Ҷаъфар Осимов мегӯяд, қарор аст, дар ин сабқат идеяҳои наве барои такмили телефонҳои ҳамроҳ, андроидҳо, планшет ва нотбукҳо гирдоварӣ хоҳад шуд ва ихтирои аз ҳама гуна нармафзор ё абзоракҳои мобилӣ истиқбол хоҳад шуд: «Ҳадаф аз ташкили чунин озмун дар он аст, ки ташкилкунандагон мехоҳанд рақобатро дар минтақа хубтар ба роҳ монанд, то идея ҳамчун идея боқӣ намонаду онро тавонанд дар амал татбиқ намоянд. Озмун, озмуни минтақавӣ аст. Аз ҳар як кишвар нафарони ғолиб ҳуқуқи ширкат карданро доранд. Мақсади мо аз эълони озмун дар он аст, ки аз Тоҷикистон ҳам шахси арзандеро пайдо карда, ба озмуни байни кишварҳо пешниҳод намоем, то дар Арманистон бо намояндаҳои дигар ҷумҳуриҳо рақобат карда тавонад.»

То имрӯз бошад ба озмун бештар 15 дархост пешниҳод шудааст, ки дар миёни онҳо пешниҳодҳои хело ҷолиб низ дида мешаванд. Аз ҷумла энсиклопедияи мобилӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар фанҳои гумнитарӣ аз қабилӣ биология, география ва ғайра. Ё пешниҳоди дигар бо номи «Тахфифи мобилӣ», ки истифодабарандагон метавонанд аз макони дилхоҳ дар бораи тахфифҳои марказҳои савдо огоҳ шаванд. Ва ё пешниҳоди дигаре, ки барои донишҷӯён ва мактаббачагон хело хуб аст, ин «Омузгори мобилӣ» мебошад, ки ба воситаи ин ҳама фанҳои мактабӣ, аз қабили математика, физика, химия ва забонҳои мавриди таваҷҷуҳро омӯхтан мумкин мебошад.

Муҳаммади Ибодулоев, роҳбари лоиҳаҳои фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет бошад дар мавриди ташкили ин гуна озмунҳо мегӯяд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон тахминан се ё чаҳор чунин озмун ҷараён дорад ва бештари онҳо ба истифодаи технологияҳои мобилӣ рабт доранд. Агар яке аз ҳадафҳои баргузории озмунҳо сохтани абзораки мобилӣ бошад, ҳадафи дигари он ҳал кардани проблемаҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон аст.

Ба андешаи Муҳаммадӣ Ибодуллоев, гузаронидани чунин озмунҳо кори хеле хуб мебошад. Зеро дар Маркази равобити «Пойтахт» низ байни наврасон ва ҷавонон оид ба истифодабарии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ як озмуни дигаре низ ҷараён дорад, ки дар он ҷо ҷавонон бештар ҳалли масъалаҳоро тариқи телефонҳои мобилӣ пешниҳод карда истодаанд ва 40 идея аз ҷониби мактаббачагон пешниҳод гардидааст.

Бинобар ин, ҷаноби Ибодуллоев мегӯяд, ки «технологияҳои мобилӣ то андозае пеш рафтаанд, ки ин аллакай аз телефони мобилӣ, яъне ки ҳамчун ягон асбоби гуфтугӯ, як қисми он мондааст. Бештар ин ҳалкунандаи проблемаҳо шуда истодааст. Барои мо бисёр хурсандиовар аст, ки чунин озмунҳо мегузаранд. Ҷавонон пештар пешниҳод карда истодаанд, ҳалли проблемаҳои мактаб, маориф ва умуман проблемаҳои иҷтимоӣ ба воситаи технологияҳои мобилӣ.»

Сӯҳроб Ниёзов, мутахассиси соҳаи ТИК (технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ) дар сӯҳбат ба мо иброз дошт, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо барои ҷавонон дастгирии хеле хуб аст. Ширкатҳое, ки ба истеҳсоли телефонҳои мобилӣ машғуланд, метавонанд ба мутахассисони мо низ таваҷҷӯҳ зоҳир зоҳир намоянд ва ин метавонад моро аз бумбаст раҳо кунад:

«Ҳамин рӯз ман дар яке аз озмунҳо довар будам, шоҳид гаштам, ки мактаббачагон барномаҳои хубе барои телефонҳои мобилӣ пешниҳод намуданд. Ин маънои онро дорад, ки мутахассион аллакай дар дохили мактабҳо пайдо шуда истодаанд. Ҳозир солҳои Шӯравӣ нест, ки ҳамсоя аз ҳамсоя тарсад. Имрӯз ҷаҳон кушода асту новобаста ба ҷову макони зист, метавонем кори худро пеш барем. Касе монеъ шуда наметавонад.»

Бояд гуфт, ки ҳар нафаре дар озмуни «Беҳтарин андешаҳо дар татбиқи фанновариҳои мобилӣ» пирӯзӣ ба даст меорад, панҷсад доллари ИМА ҷоиза мегирад ва озмунро дар шаҳри Еревани Арманистон идома медиҳад. Он ҷо ғолибро 10, 000 доллари ИМА интизор аст.
XS
SM
MD
LG