Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Асад: Ғарб товони пуштибонӣ аз "Ал-Қоида"-ро хоҳад пардохт


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфтааст, ки Ғарб товони пуштибонӣ аз Ал-Қоида дар Сурияро пардохт хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки оташи он чӣ, ки дар Сурия рӯй медиҳад, ба Урдун кашонида хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Чак Ҳегел, вазири дифои Амрико азм дорад, ки 200 нерӯи низомии нав ба Урдун бифиристад.

Башор Асад рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми апрел дар мусоҳиба бо шабакаи «Ахбория»-и телевизиони давлатии Сурия гуфтааст, ки кишварҳои ғарбӣ товони «ҳимоят аз тундравҳои Ал-Қоида» дар ҷангҳои дохилии Сурияро пардохт хоҳанд кард.

Башор Асад аз ҷумла гуфтааст: “Ғарб ҳамон гуна, ки аз Ал-Қоида дар Афғонистон ҳимоят кард ва товони онро гарон дод, акнун аз ин гуруҳ дар Сурия ва Либия ҳимоят меунад ва дар оянда товони ин кори худро дар қалби Аврупо ва қалби Иёлоти Муттаҳида пардохт хоҳад кард.»

Ӯ ҳамчунин бо интиқод аз Урдун, ки дар ҷануби Сурия қарор дорад, гуфт, ки «оташ»-и он чӣ, ки дар Сурия рӯй медиҳад, дар ин кишвар мутаваққиф нахоҳад шуд ва «Урдун дар пешрӯи он чӣ мо гирифтор шудем, қарор хоҳад гирифт.»

Ӯ афзуд: “Маълумоте дар даст аст, ки ҳазорон мусаллаҳ дар Урдун омӯзиш мебинад ва пас аз он вориди Сурия мешаванд.»

Пеш аз ин, гузоришҳое аз омӯзиши шуморе аз мухолифони мусаллаҳи низоми Асад дар Урдун тавассути нерӯҳои амрикоӣ мунташир шуда буд. Аммо Абдуллоҳ Ан-Насур, нахуствазири Урдун рӯзи якшанбе бо ҳузур дар парлумони ин кишвар, вуҷуди ҳар гуна омӯзиши низомӣ ба афроди мусаллаҳи Сурия дар Урдунро радд кард.

Асад гуфтааст, «ин ғайри қобили бовар аст, ки ҳазорон нафари мусаллаҳ аз Урдун вориди Сурия шаванд, дар ҳоле, ки Урдун пеши роҳи онҳоро намегирад. Дар ҳоле афродеро дастгир мекунад, ки аслиҳаи сабук дар ихтиёри муқовимати фаластинӣ қарор медиҳанд.»

Раиси ҷумҳури Сурия дар ин мусоҳиба мухолифони худро маҷмуае аз «муздурон, террористҳо ва такфириҳо» хонда ва гуфт, ки низомаш дар ҳоли мубориза бо ин гуна афрод аст. Ӯ таъкид кард, ки низоми Сурия роҳе ҷуз «пирӯзӣ» дар муқобили мухолифони худ надорад. Ӯ ҳамчунин ба ҷанги мазҳабӣ дар кишвараш ишора кард ва гуфт, ки мардуми Сурия бар ихтилофоти мазҳабӣ ғолиб омаданд.

Башор Асад дар бахше аз мусоҳибаи худ ба бархе нақшаҳои мунташиршуда дар бораи тақсими Сурия ишора кард ва гуфт, ки ин нақшаҳо бахше аз ҷанги равонӣ ҳастанд. Ӯ идома дод, ки курдҳо меҳмон ҳастанд ва на мусофир, балки аскари онҳо миллигаро ҳастанд.

Ӯ изҳор дошт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия миёни курдҳо маҳбубияте надорад. Башор Асад дар чанд навбат Эрдуғонро мавриди ҳамлаҳои лафзӣ қарор дода ва гуфтааст, ки Туркия дар буҳрони Сурия нақши бузург анҷом медиҳад. Истанбул як пойгоҳи аслии мухолифони Сурия аст ва даҳҳо ҳазор овораи Сурия низ дар Туркия ҳузур доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG