Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандон бинои Додгоҳи федеролӣ дар Бостонро тарк карданд


Кормандони Додгоҳи федеролии ИМА дар Бостон рӯзи чаҳоршанбе ба таври оҷил биноро тарк намуданд. Бар пояи хабарҳо, баробари ба ҷойи амн интиқол додани одамон чанд мошини “ёрии таъҷилӣ” ба назди бино омад. Аммо дар бораи он ки бо кадом далел кормандон аз Додгоҳи федеролӣ берун карда шуданд, иттилое нарасидааст.

Аз ин пеш мақомоти амниятии Амрико хабари боздошти бомбгузори эҳтимолӣ дар таркишҳои Бостонро рад карданд. Рӯзи чаҳоршанбе расонаҳои амрикоӣ дар бораи ошкор ва дастгир шудани бомбгузор хабар доданд. Аз ҷумла, шабакаи телевизионии CNN гуфт, ин мард дар наворҳои ҳадди аққал ду дурбин - яке аз фурӯшгоҳ ва дигарӣ дар бинои шабакаи телевизионии маҳаллӣ падид омадааст. Нашрияи Boston Globe навишт, гап сари марде меравад, ки бо борхалтаи сиёҳ дар наздикиҳои ҷойи таркиши дуввум мегашт.

Бар асари ду таркиш дар марафони Бостон се нафар кушта ва беш аз 180 кас маҷрӯҳ шуданд. Бюрои федеролии тафтишоти ИМА хабар дод, ки бомбҳо бо истифода аз “дегҳои бухори фелизӣ” сохта шудаанд. Дохили онро бо мех ва оҳанпораҳо пур карда будаанд, то шумораи бештари одамон талаф ёбад.

Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе гуфт, таркишҳо дар марафони Бостон чун амали террористӣ таҳқиқ хоҳанд шуд. Ӯ ин бомбгузориҳоро “як амали нафратовар ва буздилона” номид,
XS
SM
MD
LG