Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Turkish Airlines соҳиби боз 117 Аэробус хоҳад шуд


Ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines бо тавлидкунандагони аврупоии ҳавопаймои Аэробус дар бораи харидории 117 Аэробуси А320 ба тавофуқ расид. Созиш дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар Истамбул имзо шуд. Дар бораи маблағе, ки Turkish Airlines пардохт мекунад, чизе гуфта нашудааст, аммо хабаргузориҳо навиштаанд, гап сари $9.3 миллиард доллар ё 7.1 миллиард евро меравад.

Айни ҳол Turkish Airlines 215 ҳавопайморо дар ихтиёр дорад, ки 107-яш аз Аэробус ва боқимонда аз корхонаи амрикоии Боинг харида шудаанд. Соли 2012 ин ширкати ҳавопаймои туркӣ 39 миллион мусофирро ба манзил расонд ва мехоҳад, ки соли равон теъдоди мусофиронаш на камтар аз 46 миллион нафар бошад.
XS
SM
MD
LG