Пайвандҳои дастрасӣ

Асад кишварҳои ғарбиро "пуштибони Ал-Қоида" номид


Башор Асад Ғарбро дар пуштибонӣ аз шабакаи “Ал-Қоида” дар низоъ дар Сурия айбдор кард. Раҳбари Сурия дар мусоҳиба бо хабарнигори як шабакаи телевизионии маҳаллӣ ба шарафи Рӯзи истиқлол, ки 17 апрел таҷлил шуд, гуфт, “ин пуштибонии раҳбарони кишварҳои ғарбӣ аз террористҳо дар маркази Аврупо ва ИМА акси садо пайдо хоҳад кард”.

Мақомоти Сурия ошӯбгарони мухолифи ҳукуматро “террорист” мехонанд. Дар ду соли идомаи низоъ дар Сурия даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла, теъдоди бузурги сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG