Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони Конгресси Амрикоро ба ҷойи амн интиқол доданд


Шабакаҳои телевизионии ИМА хабар доданд, ки баъд аз ошкор шудани бастаҳои шубҳабарангез бахше аз кормандони Конгресс ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Аз ин пеш Хадамоти махфии Амрико, ки ҳимояти раисиҷумҳур ва аъзои хонаводаи ӯро бар ӯҳда дорад, дар бораи пайдо шудани хокаи шубҳанок дар як нома унвонии раисиҷумҳур Барак Обама иттилоъ дода буд. Дар бораи он ки гап сари кадом мавод меравад, чизе гуфта нашудааст. Фақат хабар дода шуд, ки ин номаи шубҳабарангез ҳангоми тафтиши почта ошкор шудааст. Қаблан гуфта мешуд, ки дар як баста унвонии узви Сенат аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Роҷер Уикер хокае бо нишонаҳои заҳри марговари ритсин пайдо кардаанд.

Хабаргузории «Франс-Пресс», менависад, ки ошкоршавии лифофаву бастаҳо асабоният баъд аз ду таркиш дар марафони Бостон дар рӯзи душанберо бештар кард. Бар асари ин ҳамлаҳои террористӣ се нафар кушта ва беш аз 180 кас маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамлаҳоро касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG