Пайвандҳои дастрасӣ

Касе масъулияти бамгузории Бостонро бар уҳда нагирифтааст


FBI ё Дафтари федеролии бозрасии Амрико мегӯяд, то ҳол касе масъулияти бамгузорӣ дар марафон ё дави умумии Бостонро бар уҳда нагирифтааст.

Бозрасон ҳамчунин мегӯянд, ки ин таркишҳо шояд аз “дегҳои бухори фелизӣ” рух дода бошад, ки дар халтаҳои сиёҳи партовгирӣ оварда шудаанд.

Рӯзи душанбе дар дақиқаҳои поёнии дави умумӣ ду таркиш рух дод ва се нафар кушта, бештар аз 170 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ба гуфтаи бозрасон, бо истифода аз “дегҳои бухори фелизӣ” ин бамҳо сохта шудаанд. Дохили онро бо мех ва оҳанпораҳо пур карда будаанд, то шумораи бештари одамонро нобуд кунад.

Барак Обама гуфт, ки ба ин ҳодиса чун “амали террористӣ” баррасӣ анҷом мегирад. Кохи Сафед эълон кард, ки рӯзи панҷшанбе Барак Обама аз маҳали ҳодиса дар Бостон боздид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG