Пайвандҳои дастрасӣ

Як ширкати чинӣ дар Данғара корхонаи полоиши нафт месозад


Гул Шералӣ

Гул Шералӣ

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба тавофуқ расидааст, ки ширкати «Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd»и Чин дар дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи полоиши нафт бунёд кунад. Бар асоси тарҳи пешбинишуда, ин корхона соле метавонад то 1 миллиону 200 ҳазор тон нафтро тасфия намояд.

Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе Дафтари матбуотии вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод.

17 апрел масъалаи бунёди ин корхонаро Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон бо Санг Синҷун- раиси Шӯрои мудирони ширкати «Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd» дар Душанбе баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG